Март 04, 2022 18:12 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Тошканд бо ҳам дидор карданд.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Мухтор Тилаубердӣ, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар Тошканд дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди равобити дуҷонибаву чандҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ва ҳамчунин чашмандози тавсеаи ҳамкориҳои мутақобил гуфтугӯ карданд.

Дар ин мулоқот дар хусуси мавзуоти муҳими амнияти минтақаӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар шуд.

 

 

 

 

Барчасп