Бориши барфу вазиши боди сард дар Душанбе
(last modified Mon, 21 Nov 2016 09:11:00 GMT )
Ноябр 21, 2016 14:11 Asia/Dushanbe
  • Бориши барфу вазиши боди сард дар Душанбе

Сокинони шаҳри Душанбе имрӯз низ монанди рӯзи якшанбе шоҳиди боридани барфи сабук ҳастанд.

Ба иттилои сайти Топ, имсол нахустин барф дар Тоҷикистон зудтар аз маъмул шуруъ ба боридан карда ва вазиши тундбод ҳам аз бархе манотиқи ин кишвар гузориш шудааст.

Тибқи ин гузориш, дар вилояти Хатлон низ шаҳрвандон шоҳиди бориши борон ва сипас барф будаанд, аммо дар вилояти Суғд бо вуҷуди вазиши бод ва сардии ҳаво, ҳануз барф наомадааст. Танҳо дар бархе манотиқи ин вилоят борон меборад.

Як ҳафта пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар бораи сард шудани ҳаво ва бориши борону барф ҳушдор дода буд.

Полиси роҳи Тоҷикистон низ аз ронандаҳо хоста буд, васоили нақлияи худро барои фасли сармо омода ва муҷаҳҳаз кунанд.

Ин гузориш меафзояд: Бо вуҷуди ҳушдорҳои мақомати зирабти Тоҷикистон ба назар мерасад, бархе ронандагон ва мусофирон дар роҳҳои Тоҷикистон ҳануз худро барои рӯ ба рӯ шудан бо ин тағйироти обу ҳавоӣ омода накардаанд.