Март 05, 2022 15:10 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудан ду низомии тоҷики шаҳрванди Русия дар Украина

Ду низомии тоҷики шаҳрванди Русия, ки дар артиши ин кишвар ба таври қарордодӣ хизмат мекарданд, дар даргириҳои Украина кушта шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвк, Ҷамшед Холов ва Шӯҳрат Абдуллоев, ки 40 сол син доштанд қаблани тобеияти Русияро дарёфт ва вориди артиши ин кишвар ба хизмат машғӯл будаанд.

Ҳануз ҷузъиёти кушта шудани ин ду низомии тоҷик мушаххас нест, аммо наздикони онон дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон гуфтаанд, ки яке аз ин афрод ронанда танк будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Каримҷон Ёров, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар сафҳаи хеш дар Фейсбук навишт: Барои тоҷикҳое, ки шаҳрвандии Русия доранд эҳзорияи ҳузур дар идороти низоми ин кишвар ирсол шудааст.

Аз сӯи дигар созмонҳои мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир дар Русия аз коргарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дархости кардаанд, ки аз рафтан ба ҷанги Украина худдорӣ кунанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп