Даъвати намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба Афғонистон
Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои узви ин созмон даъват кард, то барои расидагӣ ба мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ ба Афғонистон бештар ҳамкорӣ кунанд.
Ба гузориши Авесто, Муҳаммадамин Муҳаммадаминов, намояндаи доими Тоҷикистон дар СММ дар ҷаласаи 71-умини Маҷмааи умумии СММ, ки ба баррасии вазъияти Афғонистон ихтисос дошт, ҳамкории бештар кишварҳои узви ин созмонро барои кӯмак ба Афғонистон хостор шуд.
Намояндаи доими Тоҷикистон дар СММ, афзуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар барқарории сулҳу субот дар Афғонистон мусоидати беҳтар ва бештаре дошта бошад.
Муҳаммадаминов дар суханронии худ таъкид кардааст, тавозуни сиёсӣ ва беҳтар шудани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон, заминасози равнақ ва рушди тамом кишварҳои минтақа хоҳад буд.
Вай ҳамчунин бар сохти хатти интиқоли барқи CASA-1000, таъмини мавод ғизоӣ барои мардуми ниёзманди Афғонистон, бартараф кардани дигар ниёзҳои аввалияи онон ва омӯзиши нерӯи ин кишвар бо кумак ва мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид кард.