Ҳамоиши ду рӯзаи Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ дар Душанбе
(last modified Tue, 08 Mar 2022 04:49:24 GMT )
Март 08, 2022 09:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши ду рӯзаи Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ дар Душанбе

Ба ибтикори Шӯрои роҳбурдии пажӯҳишгоҳи мудирияти Ҳиндустон ва Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ду рӯзаи «Чаҳорчуби ҳамоҳангӣ: Афғонистон дар меҳвари таваҷҷӯҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ» баргузор гардид.

Ба гузориши сомонаи Авесто, дар ин нишаст таҳлилгарони Покистон, Ҳиндустон, Русия, Узбекистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба баррасии мавзӯи роҳкорҳои ҷадиди ҳалли буҳрони Афғонистон ва таъсири он ба авзоъи амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ пардохтанд.

Аксари ин коршиносон таъкид карданд, ки ҳаводиси Афғонистон ба авзоъи амниятии манотиқи Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ таъсири мустақим дорад ва бояд аз мудохилаи қудратҳои хориҷӣ барои идомаи ноамнӣ ва даргирӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ кард.

Ҳамчунин яке аз роҳҳои поён додан ба буҳрони ноамнии беш аз 44 сола дар Афғонистон рушди иқтисоди ин кишвар, иҷроӣ кардани тарҳҳои муҳими зербиноӣ, пайдо кардани кишти ҷойгузин ба ҷои маводи мухаддир ва иштиғолзоӣ барои насли ҷавон мебошад.