Март 10, 2022 11:38 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши сармоягзорӣ, меҳвари дидори мақомоти тоҷик ва Маркази ҷаҳонии муҳити зист
    Афзоиши сармоягзорӣ, меҳвари дидори мақомоти тоҷик ва Маркази ҷаҳонии муҳити зист

Раиси Кумитаи ҳифозат аз муҳити зисти Тоҷикистон бо мудири иҷроӣ ва раиси Маркази ҷаҳонии муҳити зист дидор ва гуфтӯгу кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз" Форс" Баҳодур Шерализода раиси Кумитаи ҳифозат аз муҳити зисти Тоҷикистон бо Корлем Монуел мудири иҷроӣ ва раиси Маркази муҳити зисти ҷаҳонӣ мулоқот кард.

Дар ин дидор, ки дар ҳошияи нишасти вижаи маҷмуъаи барномаи муҳити зисти Созмони Миллалӣ Муттаҳид баргузор шуд масоили марбут ба энергетикаи "Сабз" мавриди таваҷҷӯҳи вижаи тарафайн қарор гирифт.

Шерализода дар бахше аз ин мулоқот ба тарафи муқобил иттилоъ дод, ки беш аз 96 дарсад аз энергетикаи Тоҷикистон аз манобеъи энергетика созгор бо муҳити зист ва таҷдидпазир тавлид мешавад.

Аловабарин тарафайн масоиди марбут  ба афзоиши будҷаи Маркази зисти ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мутобиқ бо авлавиятҳои миллӣ ва тақвияти таъомули байни ду тараф барои ҳаллӣ мушкилоти зисти муҳитӣ дар ин кишварро барраси карданд .

 

 Бештар бихонед:

Барчасп