Даргири дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо як кушта ва 2 захмӣ
Дар даргирии мусаллаҳона байни марзбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон як марзбони тоҷик кушта ва 2 нафари дигар захмӣ шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар мрази Тоҷикистон ва Қирғизистон байни марзбонони ду кишвар даргирии мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст.
Хабаргузории Азия Плюс бо истинод ба як сокини маҳаллӣ дар ин маврид хабар дод ва навишт: Марзбонони Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон вориди маҳаллаи Ваҳдат дар ҷамоъати Чоркуҳи минтақаи Исфара шуда ва хостори хуруҷи марзбонони тоҷик аз ин маҳалла шуданд.
Дар пайи даргирии лафзӣ марзбонони қирғиз ба тарафи марзобонони тоҷик тирандозӣ карданд ва марзбонони тоҷик низ посух доданд, дар натиҷаи ин тирандозӣ як марзбони тоҷик кушта ва ду тани дигар ҳамроҳ бо теъдоде аз кишоварзон захмӣ шуданд.
Бино бар суханони ин манбаъ дар ҳоли ҳозир кормандони ниҳодҳои иҷрои қонуни ду кишвар дар маҳали ҳодиса машғули кор буда ва вазъият муташаниҷ аст.
Ба иддаои тарафи Қирғизистон, марзбонони тоҷик ҳангоми гашт дар сарзаминҳои баҳсбарангези маҳаллаи Тиски минтақаи Бодканд масири, ки қаблан аз сӯи онҳо истифода мешудро тағир дода вориди хати марзии ҷадид шуданд ва хостори хуруҷи марзбонони қирғиз аз он маҳала шуданд.
Бар асоси гузориши хадамоти марзбонии Қирғизистон, марзбонони тоҷик бо истифода аз нерӯҳои кумакӣ ба бартарии теъдоде талош карданд ба хати ҷадид даст ёбанд, аммо бо ин ҳол марзбонони қирғиз аз талоши онҳо барои дастёбӣ ба ҳадафи худ пешгирӣ карданд ва дар натиҷаи даргирии мусаллаҳона, ки ҳудуи 10 дақиқа идома дошт ҳеҷ марзбони қирғиз кушта ва ё захмӣ нашуда аст.
Хотирнишон мешавад, ки байни намояндагони марзбонии ду тараф гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт ва ҳар ду тараф дар ҳоли музокира ҳастанд.