Март 11, 2022 20:15 Asia/Dushanbe
  • Имзои 5 санади ҳамкорӣ - раҳоварди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Миср

Раиси Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар чорчӯби сафари расмии худ ба Миср, бо раиси ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти олии ин кишвар дидор ва 5 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталифро ба имзо расонд.

Ба гузориши “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯби сафари расмии худ ба Миср, бо раиси ҷумҳурӣ, соири мақомоти олирутба ва соҳибони касбу кори ин кишвар дидор ва дар Донишгоҳи Қоҳира суханронӣ кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯби ин сафар ҳамчунин бо нахуствазир, раиси Сенат, соҳибони касбу кору сармоягузории Миср дидор ва дар Донишгоҳи Қоҳира барои устодону донишҷӯён суханронӣ кард.

Ҳамчунин бо тасмими Шӯрои илмиву омӯзишии Донишгоҳи Қоҳира, ба Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири кумакҳои арзандааш дар таҳкими равобити дӯстона байни ду кишвар, тавсеаи равобити илмӣ, амниятӣ, инсонӣ ва фарҳангӣ ва бавижа ибтикори ҷаҳонӣ дар заминаи обу иқлим унвони доктори фахрии ин донишгоҳ эъто шуд.

 

 

 

Барчасп