Март 12, 2022 12:52 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои баррасии даргирии марзии ахир

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон музокирот дар бораи баррасии низоъи ахири марзӣ миёни марзбонони ду кишвар дар марзи ноҳияҳои Исфара, вилоятҳои Суғд ва Боткандро оғоз карданд.

Ба гузориши сомонаи АКИпресс, ин музокирот таҳти раёсати Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Уларбек Шаршиев, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон оғоз шуд.

Қаблан тарафҳо якдигарро ба тирандозӣ миёни марзбонони ду кишвар муттаҳам карда буданд, ки мӯҷиби кушта шудани як марзбони тоҷик ва захмӣ шудани ду нафари дигар гардидааст.

Дар ин гуфтугӯ бар зарурати бозгашти марзбонони ду кишвар ба маҳали қаблии истиқрор, оғози гаштзании муштараки нерӯҳои полис ва пешгирӣ аз ҳар навъ таниш ва ихтилофот таъкид шудааст.

Дар ҳоли ҳозир аз 976 километри аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дарпайи наздик ба се даҳа музокироти ду кишвар танҳо бар сари аломатгузории 519 километр тавофуқ шудааст.

Марзҳоии заминӣ ва ҳавоии ду кишвар низ пас аз даргирии хунини моҳи апрели соли 2021 ҳамчунон баста боқӣ мемонад.

 

Барчасп