Ноябр 22, 2016 10:03 Asia/Dushanbe
  • Баррасии узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Дурнамои узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар нишасте дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти “Азия плюс”, дар нишасте, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе, ки ба ибтикори Сандуқи рушди пажӯҳишҳои АвруОсиё, сафорат ва намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон баргузор мешавад, мавзӯи дурнамои пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ин нишаст коршиносон ва таҳлилгарон дидгоҳи хешро дар бораи масоили марбут ба узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳодия, натоиҷи назарсанҷиҳо аз мардуми ин кишвар ва фурсатҳову чолишҳои пайвастан ба ин иттиҳодияи минтақаӣ баён мекунанд.

Таъсири пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бар авзои коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия ва сойири ҷумҳуриҳои узви ин иттиҳодия аз дигар мавзӯоти ин нишаст аст.

 Бар асоси эъломи Сандуқи рушди пажӯҳишҳои АвруОсиё бештар шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири беҳбуди шароити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия аз пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳимоят мекунанд.

 Таҷрибаи ду кишвари тозаворидшуда ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё-Арманистон ва Қирғизистон нишон медиҳад, ки коргарони муҳоҷири ин ду ҷумҳурӣ дигар ниёзе ба пардохти ҳазинаи гарони дарёфти муҷаввизи кор ва иқомат дар Русия надоранд ва метавонанд озодона дар ҳар ҷойи Русия барои худ кор пайдо кунанд.

Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон аъзои феълии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд.

 

Барчасп