Тоҷикистон ҳамчунон воридкунандаи гандум аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i82578-Тоҷикистон_ҳамчунон_воридкунандаи_гандум_аст
Тоҷикистон дар соли 2021 аз хориҷ ва умдатан аз Қазоқистон 1 миллиону 29 ҳазор тон гандум ба арзиши молии 265 миллиону 800 ҳазор доллар ворид кард, ки бештар аз мизони тавлиди ин маҳсӯл дар дохили ин кишвар мебошад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 12, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ҳамчунон воридкунандаи гандум аст

Тоҷикистон дар соли 2021 аз хориҷ ва умдатан аз Қазоқистон 1 миллиону 29 ҳазор тон гандум ба арзиши молии 265 миллиону 800 ҳазор доллар ворид кард, ки бештар аз мизони тавлиди ин маҳсӯл дар дохили ин кишвар мебошад.

Ба гузориши сомонаи Авесто, дар соли 2021 дар дохили Тоҷикисон аз 310 ҳазор гектор замини таҳти кишти гандум 876 ҳазор тон маҳсӯл бардошт шудааст, ки бахше аз ин заминҳо лармӣ мебошад.

Мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар талош ҳастанд ниме аз ниёзҳои мардуми ин кишвар ба гандумро аз ҳисоби тавлиди ин маҳсӯл дар дохил таъмин кунанд. Аммо дар пайи буҳрони Украина ва тасмими Русия мабнӣ бар мамнуияти муваққати содироти гандум, акнун нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст.

Чунончӣ қиммати ҳар халтаи 50 килограмии орд, ки ҳафтаи қабл 280 сомонӣ таъйин шуда буд, акнӯн ба 340 сомонӣ расидааст.

Бештар бихонед: