Баргузории размоиши низомии Русия дар ҷануби Тоҷикистон
(last modified Sun, 13 Mar 2022 06:03:54 GMT )
Март 13, 2022 11:03 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши низомии Русия дар ҷануби Тоҷикистон

Русия дар Тоҷикистон размоиш баргузор мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, ин размоиш 14 то 18 марти имсол дар ҷануби Тоҷикистон бо ширкати неруҳои пойгоҳи низомии 201 Русия дар Ҳарбмайдони вилояти Хатлон баргузор мешавад.
Ин размоиши тактикӣ дар се марҳила баргузор хоҳад шуд .

Дар марҳалаи аввали размоиш воҳидҳои пойгоҳи низомии Русия бо анҷоми гомҳои муқаддамотӣ барои дафъи ҳамлаи гуруҳҳои харобкор – таҷассусӣ ва убури минтақаи олудаи шартнок ба самти минтақаи размоиш ҳаракат хоҳанд кард .
Дар марҳалаи аслии размоиш неруҳои русӣ амалиёти нобудии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро таҷриба ва дар марҳилаи поёнӣ иқдомотеро барои бозёбии тавони размӣ ва омода шудан барои вазоифи баъдӣ анҷом медиҳанд .
Бинобар гузориши дафтари матбуотии минтақаи марказии низомии Русия куллияи иқдомоти тактикӣ бо истифода аз сомонаҳои таҷассусӣ – тирандозӣ ва таҷассусӣ - зарбатӣ анҷом хоҳад шуд .

Пойгоҳи низомии 201 бузургтарин маркази низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтари Тоҷикистон воқеъ аст.