Март 14, 2022 12:19 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 50 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ 50 миллион доллар барои муқобила бо ҳодисаҳои табиӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Шурои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ аз ихтисоси кумаки 50 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои муқобила бо офатҳои табиӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Ҷик”, ин кумаки молӣ барои омӯзиши нерӯҳои имдоду наҷот, бозсозӣ ва бунёди роҳҳову пулҳои иртиботӣ, обхездорӣ ва буҳбуди мудирияти муқобила бо офатҳои табиӣ харҷ хоҳад шуд.

Дар баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ аст, ки ҳаводиси табиие монанди сел метавонад ба роҳҳои иртиботии ин кишвар хисороти фаровон ворид кунад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон бо кумаки молии Бонки Ҷаҳонӣ 23 тарҳ ба арзиши 1 миллиарду 300 миллион доллар дар дасти иҷро аст.

Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 1996 ба Тоҷикистон 2 миллиарду 300 миллион доллар кумаки молӣ кардааст, ки 1 миллиарду 700 миллион доллари он ройгон аст.

 

Барчасп