Март 14, 2022 13:49 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти дубораи корхонаи нуриҳои минералии Тоҷикистон дар сентябри 2022

Корхонаи корхонаи нуриҳои минералии Тоҷикистон (собиқ Тоҷиказоти Вахш) дар сентябри соли 2022 фаъолияти худро дубора оғоз мекунад.

Мақомоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон эълом карданд, фаъолияти танҳо корхонаи нуриҳои минералии Тоҷикистон сентябри соли 2022 азсар гирифта хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Ҷавоҳирлаъл Музаффарӣ гуфтааст, ин корхона пас аз 10 соли таътил фаъолияти худро дубора оғоз мекунад.

Вай афзуд, корхона зарфияти тавлиди 115 ҳазор тон нуриҳои минералӣ дорад.

Ӯ таъкид кард, дар ҳоли ҳозир 500 нафар дар ин корхона ба насби таҷҳизот машғул ҳастанд ва ин маркази тавлидӣ 97 дарсад аз қарзи худро бобати маоши коргарон пардохт кардааст.

Ҷавоҳирлаъл Музаффарӣ идома дод, то шаш моҳаи дувуми соли ҷорӣ бақияи қарзҳоро низ пардохт мекунанд.

Тоҷикистон дар сол ба 600 ҳазор тон нуриҳои минералӣ ниёз дорад, ки аз хориҷ ворид мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар сурати оғози фаъолияти дубораи ин корхона бо зарфияти комил, имкони тавлиди 300 ҳазор тон нуриҳои минералӣ фароҳам хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: