Камисари олии паноҳандагони Созмони Миллал аз Тоҷикистон боздид мекунад
(last modified Tue, 15 Mar 2022 13:36:58 GMT )
Март 15, 2022 18:36 Asia/Dushanbe
  • Камисари олии паноҳандагони Созмони Миллал аз Тоҷикистон боздид мекунад
    Камисари олии паноҳандагони Созмони Миллал аз Тоҷикистон боздид мекунад

Камисари олии паноҳандагонм Созмони Миллал аз Тоҷикистон боздид ва бо мақомоти расмии ин кишвар гуфтугӯ хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Филиппо Гранди, камисари олии паноҳандагони Созмони Миллалӣ Муттаҳид дар таърихи 17-18 март аз Тоҷикистон боздид ва бо мақомоти расмии ин кишвар гуфтугӯ хоҳад кард.

Гранди, Камисари олии паноҳандагони Созмони Миллалӣ Муттаҳид дар музокироти худ бо мақомоти тоҷик дар мавриди чигунагии вокуниш нисбат ба вуруди паноҳандагон ба ин кишвар ва талош барои пайдо кардани роҳиҳалҳои пойдор барои паноҳандагон баҳс хоҳад кард.

Дар канори дидорҳои расмӣ Камисари олии Созмони Миллаллӣ Муттаҳид бо вазъияти искони паноҳҷуён дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ошно хоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки буҳрони башарӣ умдатан дар дохили Афғонистон идома дорад, Камисари олии паноҳандагони Созмони Миллалӣ Муттаҳид бо давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон дар робита бо иртиқои сатҳи омодагӣ нисбат ба вуруди эҳтимолии паноҳандагон ва вокуниши ниҳодҳои марбутаи давлатии ин кишвар мунтабиқ бо илозомоти ҳифозати байналмиллалӣ ҳамкорӣ анҷом медиҳад.

Бар асоси гузориши Камисари олии паноҳандагони Созмони Миллал то поёни соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 773 нафар паноҳҷу ба сабт расида аст.