Коҳиши қимати билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон бидуни тазмини парвоз ба Русия
(last modified Wed, 16 Mar 2022 04:58:33 GMT )
Март 16, 2022 09:58 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши қимати билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон бидуни тазмини парвоз ба Русия

Бо вуҷуди коҳиши қимати билети ҳавопаймо дар масири Тоҷикистон ба Русия, ширкатҳои русӣ ба таври густарда парвозҳои хешро лағв мекунанд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, агар қимати билети ҳавопаймо дар масири Тоҷикистон ба Русия дар ҳафтаи қабл барои ҳар мусофир 8 ҳазору 431 сомонӣ таъйин шуда буд, акнун аз сӯйи ширкати “Сомон Эйр” 4 ҳазору 315 сомонӣ ва ширкатҳои Русия 3 ҳазору 200 сомонӣ ба фурӯш мерасад.

Аммо ширкати “Уралские авиалнии” (Хутути ҳавоии Урали Русия) ба таври густарда иқдом ба лағви парвозҳои худ аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба Русия карда ва ҳеҷ тазмине низ дар бораи бозгардонидани пулҳои мусофирон намедиҳад.

Мақомоти ин ширкат дар мавриди сабаби лағви парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия тавзеҳ намедиҳанд. Вале коршоносон мегӯянд, ки иллати ин иқдом таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба баҳонаи буҳрони Украина мебошад.

Аксари ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия сохти Аврупо ва Амрико аст, ки дар иҷораи ин ширкатҳои русӣ қарор дорад.