Боздиди вазири маорифи Тоҷикистон аз теъдоде аз муассисаҳои омӯзишии ноҳияи Ваҳдат
(last modified Wed, 16 Mar 2022 05:57:28 GMT )
Март 16, 2022 10:57 Asia/Dushanbe
  • Боздиди вазири маорифи Тоҷикистон аз теъдоде аз муассисаҳои омӯзишии ноҳияи Ваҳдат

Вазири маориф ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз теъдоде аз муассисаҳои омӯзишии ноҳияи Ваҳдат боздид кард.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Раҳими Саидзода гуфт, муаллимон аз камбуди китобҳои дарсӣ, нокофӣ будани теъдоди омӯзгорони забони англисӣ, иҷбори онон ба фурӯши билети синамо ва театр ва надоштани буҷет барои таъмири марокизи омӯзишӣ шикоят карданд.

Пас аз шунидани ин мушкилот вазири маориф ва илми Тоҷикистон дастур дод, мушорикати муаллимон дар барномаҳои ҳошияӣ ва иҷбори онон ба ҷамъоварии маблағ таҳти ҳар унвоне мамнуъ ва барои ҳалли мушкили таъмири мактабҳо ва афзоиши омӯзгорони забони англисӣ барномарезӣ шавад.