Феврал 06, 2024 15:06 Asia/Dushanbe
  • Русия 200 миллион рубл барои интишори китоб барои мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ихтисос дод

Аз аввали сентябри 2024 тамоми дарсҳои русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон бо китобҳои дарсӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тарафи русӣ уҳдадор шуда, ки китобҳои дарсиро мунташир кунад ва 200 миллион рубли русӣ ба ин манзур ихтисос дод.

Раҳим Саидзода-вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт:Ин мавзӯъ дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Михаил Мишустин, нахуствазири Русия дар Русия (ноябри 2023) мавриди баҳс қарор гирифт.

 Раҳим Саидзода афзуд: Мутахассисони рус ва тоҷик бо ҳам кор мекунанд, то китобҳои дарсиро бо дар назар гирифтани меъёрҳои миллӣ татбиқ диҳанд.

 

 

Барчасп