Март 16, 2022 15:18 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ҷаҳонгардии Русия

Чаҳор ширкати хадамоти гардишгарии Тоҷикистон ҷозибаҳои гардишгарии кишварро дар Намоишгоҳи байналмилалии ҷаҳонгардии Русия муаррифӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, мақомоти кумитаи давлатии рушди гардишгарии Тоҷикистон эълом карданд, 4 ширкат дар ҳоли муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии кӯҳистонӣ, вижагиҳои манотиқи сардсер, имконоти гардишгарии кӯҳнавардон ва маконҳои таърихии ин кишвар дар Намоишгоҳи байналмилалии Маскав ҳастанд.

Ин мақомот муътақиданд, намоишгоҳи Маскав фурсати бисёр муносибе барои муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон барои гардишгарони хориҷӣ ва ташвиқи ҷаҳонгардон барои сафар ба Тоҷикистон аст.

Намоишгоҳи байналмилалии ҷаҳонгардии Маскав то 17 марти соли ҷорӣ доир аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп