Фаъолияти гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон аз сар гирифта шуд
Ситоди кишварии муқобила бо вируси коронаи Тоҷикистон аз бозкушоии дубораи тамоми гузаргоҳҳои марзии ин кишвар ва Узбекистон аз рӯзи 15 марти соли ҷорӣ хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, нахустин мусофироне, ки аз марзи муштараки Тоҷикистону Узбекистон гузар карданд, гуфтаанд ки танҳо доштани гувоҳиномаи тазриқи воксани корона барои гузар аз гузаргоҳҳои марзии ду кишвар кофӣ аст ва дигар ниёзе ба анҷоми озмоиши нав вуҷуд надорад .
Дар иттилоъияи Ситоди кишварии муқобила бо вируси коронаии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки шаҳрвандони Узбекистон ва дигар кишварҳои узви ИДМ, ки қасди вуруд ба Тоҷикистонро доранд бо доштани гувоҳиномаи тазриқи воксани корона бидуни мамониат метавонанд ба Тоҷикистон сафар кунанд.
Далели бозгашти фаъолияти гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон ва Узбакистон ба ҳолати оддӣ беҳбуди вазъи бемории Ковид 19 унвон шудааст .
Ин гузаргоҳҳо аз баҳори соли 2020 ба далели густариши ин беморӣ баста ва баъдан рафту омади шаҳрвандони ду кишвар бо маҳдудиятҳо аз ҷумла ҳатмӣ будани доштани баргаи озмоиши манфии бемории Ковид 19 анҷом мешуд .