Имзои тавофуқномаи сохти метро дар шаҳри Душанбе
(last modified Thu, 17 Mar 2022 06:50:31 GMT )
Март 17, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи сохти метро дар шаҳри Душанбе

Мақомоти вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон бо Ширкати миллии роҳи оҳани ореяи Ҷанубӣ тавофуқномаи сохти хати қатори шаҳрӣ дар шаҳри Душанберо имзо карданд.

Ба гузориши сомонаи Топтҷ, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Ким Ҳангёнг, мудири Ширкти миллии роҳи оҳани Кореяи Ҷанубӣ ҳангоми имзои ин созшнома таъкид карданд, метрои шаҳри Душанбе то соли 2040 баҳрабардорӣ мерасад.

Азим Иброҳим афзуд, бахш аз хатҳои ин метро дар рӯи замин дар манотиқи марказӣ ва ҷанубии пойтахти Тоҷикистон ба шакли трамвай фаъолият хоҳад кард.

Баҳром Юсуфов, раиси Иттиҳодияи меъморони Тоҷикистон ҳам муътақид аст, барои коҳиши роҳбандон бояд фаврӣ сохти бахши трамваии метрои Душанбе оғоз шавад.

Вай афзуд, ҷамъияти шиҳри Душанбе бо эҳтисоби меҳмонон ба 1 миллион нафар мерасад, ки дигар имкони тараддуди муносиби мусофирон ва васоили нақлияи умумӣ вуҷӯд надорад.