Боздошти фарди муқассир дар оташсӯзии Тюмен дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8287-Боздошти_фарди_муқассир_дар_оташсӯзии_Тюмен_дар_Русия
Дар пайи оташсӯзӣ дар як коргоҳи мурғпарварӣ дар вилояти Тюмени Русия, ки ба марги ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон мунҷар шуд, полиси Русия як нафарро боздошт кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 22, 2016 12:15 Asia/Dushanbe
  • Боздошти фарди муқассир дар оташсӯзии Тюмен дар Русия

Дар пайи оташсӯзӣ дар як коргоҳи мурғпарварӣ дар вилояти Тюмени Русия, ки ба марги ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон мунҷар шуд, полиси Русия як нафарро боздошт кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз хабаргузории “URA.RU”, -и Русия, дафтари матбуоти бахши Кумитаи бозҷӯии Русия дар вилояти Тюмен эълом кард, фарди боздоштшуда раиси минтақаии ширкати интиқоли барқи “Горезонт” аст, ки муваззаф ба таъмини эминии сомонаи зидди оташсӯзии ин коргоҳи мурғпарварӣ буда, вале муқаррароти эминии лозимро риоят накарда ва ин кӯтоҳии вай ба вуқӯи ин ҳодиса мунҷар шудааст.

Расонаҳо ба тобеият ва мушаххасоти фарди боздоштшуда ишорае накардаанд.

Михаил Бугинский, масъули бахши минтақаии Кумитаи бозҷӯии Русия таҳқиқот дар ин заминаро бар ӯҳда гирифтааст.

Ин оташсӯзӣ 19-уми ноябр дар як коргоҳи мурғпарварӣ, дар рустои "Новая деревня” дар шаҳристони Юргинскийи вилояти Тюмени Русия ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он 7 коргари муҳоҷири тоҷик кушта ва се нафар захмӣ шуданд.

Аҷсоди ин коргарони муҳоҷир, ки ҳамаи онҳо 19 то 29 сол доштанд, фардо ба Тоҷикистон мунтақил хоҳад шуд.