Март 19, 2022 09:42 Asia/Dushanbe
  • Дархости молии Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ

Тоҷикистон хостори кумаки молии Бонки Ҷаҳонӣ барои сохти мактабҳои ҷадид шуд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон хостори кумаки молии Бонки Ҷаҳонӣ барои сохти мактабҳои ҷадид шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Раҳим Саидзода дар дидор бо Озан Севимли, намояндаи доими Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе хостори кумаки молии ин ниҳод барои сохти мактабҳои ҷадид шуд.

Вай гуфт, теъдоде аз мактабҳои Тоҷикистон дар соли 1930 сохта шуда ва ғайри қобили истифодааст.

Ӯ идома дод, ҳамчунин афзоиши ҷамъияти Тоҷикистон ва тавсеаи шаҳрҳо ва манотиқи рустоӣ иқтизо мекунад, ки барои сохти мактабҳои ҷадид барномарезӣ шавад.

Озан Севимли низ дар ин дидор бо ишора ба иҷрои чандин тарҳ дар бахши омӯзишу парвариш дар Тоҷикистон бо сармоягузории ин ниҳоди молӣ гуфт, пешниҳоди вазири маориф ва илми дар Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ, баррасӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп