Интернети гарон ва суръати поёни он монеъи рушди тиҷорати электроникӣ дар Тоҷикистон
Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар душанбе эълом кард, ки интиренети гарон ва суръати поёни он монеъи рушди тиҷорати электроникӣ дар Тоҷикистон аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Озин Севимлӣ ин матлабро дар нишасти шӯрои машваратӣ беҳбуди фазои сармоягузории вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон кард.
Вай таъкид кард, ки нархи интернет дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтарин ва суръати он поёнтарин аст, ки сабаби кунд шунади тиҷорати электроникии дар ин кишвар мешавад.
Тоҷикистон бар асоси радабандии ширкати байналмиллалии иртиботот дар оғози соли 2022 аз нигоҳи суръати интернет дар ҷойгоҳи 135 ҷаҳонӣ дар миёни 140 кишвар қарор гирифт, ки шохиси бисёр поён мебошад.
Ба ин далел, ки миёнгини суръати интернет дар ҷаҳон 70 мегабайт бар сония аст, ки дар Тоҷикистон ин шохис 21.1 мегабайт бар сонияро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин суръати интернети телефони ҳамроҳ дар ҷаҳон 15 ва 16 садуми мегабайт бар сония аст, ки дар Тоҷикистон ин шохис 8.4 мегабайт бар сонияро ташкил медиҳад.
Бештар бихонед:
Коҳиши ҷойгоҳи ҷаҳонии Тоҷикистон дар суръати интернети телефони ҳамроҳ