Ноябр 22, 2016 17:55 Asia/Dushanbe
  • Лағви виза миёни Тоҷикистон ва Афғонистон орзуи бароварда нашудаи орзу

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, лағви виза миёни кишвараш ва тоҷикистонро аз орзуҳои бароварда нашудаи худ унвон кард.

Ба иттилои “Озодагон”, Абдулғафури Орзу, ки ваколаташ ба охир расид, имрӯз, 22-юми ноябр бо рӯзноманигорон дар Душанбе мулоқот анҷом дод.

Ба суол дар мавриди коре, ки ба ҳайси сафир натавонистааст анҷом диҳад, Абдулғафури Орзу гуфт, ормонаш лағви низоми раводид миёни Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Ӯ изҳори умед кард, ки дар Афғонистон шароити амниятии мусоид фароҳам хоҳад шуд ва марзҳо ба ҳайси рамз боқӣ мемонанду рафтуомад бидуни раводид таъмин хоҳад шуд.

Оқои Орзу зимни мулоқот тасдиқ кард, ки воқеан Муҳаммадгул Зулмай Юнусӣ, сафири навтаъини Афғонистон дар Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи террористии ахир дар шаҳри Мазори Шариф захмӣ шудааст. Ӯ афзуд, ки феълан вазъи саломатии Зулмай хуб аст ва ба ҳайси сафир ба Тоҷикистон хоҳад расид.