Март 23, 2022 20:26 Asia/Dushanbe
  • Қарори парлумон барои ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриоинномавӣ дар артиши Тоҷикистон

Маҷлиси миллии Тоҷикистон додситони кулли кишварро музваззаф намуд, ки назорати риоияи қонунгузорӣ дар артиши ҷумҳуриро таҳким бахшад.

Амалҳои ғайриоинномавӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки боиси расондани зарари ҷисмонӣ ва фавти сабозон мегарданд, пешгирӣ шаванд, дастур дод Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ.

Тибқи ин қарор, додситони кулли Тоҷикистон муваззаф шудааст, назорати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳ ва воҳидҳои ҳарбиро тақвият намояд.

"Ҷиҳати пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ ва амалҳои ғайриоинномавӣ, ки боиси расонидани зарари ҷисмонӣ ва фавти сарбозон мегарданд, чораҳои қатъӣ андешад", - таъкид шудааст дар қарор.

Ин дар ҳолест, сарусадо атрофи муносиботи ғайриоинномавӣ, ки баъзан бо ҷароҳату марги сарбозон меанҷоманд, аз омилҳои гурези ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ арзёбӣ мешавад. 

Юсуф Раҳмон, дар гузориши ахираш ба парлумон гуфт, додситонҳо риояи қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро санҷида, ҳолатҳои қонуншиканиро ошкор кардаанд.
"Қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ 720 бор санҷида шуда, аз натиҷаи онҳо 1490 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 185 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардиданд", - изҳор дошт додситон.