Март 23, 2022 21:41 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани чанд нафар аз тоҷикон дар ҷанги Украина
    Кушта шудани чанд нафар аз тоҷикон дар ҷанги Украина

Манобеъи хабари аз кушта шудани ҳудуди 10 нафар аз тоҷикон дар ҷанги Украина хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз манобеъи хабарии Тоҷикистон интиқоли 4 ҷасади шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон аз Украина ба ин кишвар муддати рӯзҳои ахир тайид шуда аст.

Гуфта мешавад 2 нафар аз ин кушташудагон зодаи ноҳияи Дарвоз ва 2 нафари дигар аз ноҳияи Мирсайд Алӣ Ҳамадонӣ буданд.

Ин афрод ҳамагӣ шаҳрвандии Русияро низ дошта ва дар ҳайати артиши Русия хидмат ва ба ҷанг дар Украина эъзом шуда буданд.

Гуфта мешавад ҳамакунун садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои артиши Русия хидмат мекунанд, ки теъдоди аз онҳо дар ҷанги Украина ҳузур доранд.

 

Барчасп