Март 24, 2022 18:25 Asia/Dushanbe
  • Ҷашн Наврӯз дар минтақаи Кушониён

Дар Кӯшониён беш аз 5 ҳазор нафар сокинони ноҳия Наврӯзи оламфрӯзро таҷлил намуданд

  • Раиси ноҳия Икромидин Вализода иброз намуд, ки ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, бо тамоми шукӯҳу шаҳомат ва анъанаҳои воқеан ҳам бемислу монанд то замони мо омада расидааст. Оид ба пайдоиш ва таърихи пурғановат, тартиби баргузории ин ҷашни кӯҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандон мақолаю рисолаҳои арзишмандро рӯи қоғаз овардаанд. Беҳуда нест, ки ҷашни Наврӯз бо мурури замон дар байни дигар миллату қавмҳои тамоми дунё эътибори хосса ба худ касб намудааст, ки онҳо низ онро ҷашн мегиранд.

Хамзамон мавсуф афзуд, ки маҳз ба фасли зебои сол ва оғози кишту кори деҳқон рост омадану таҷассуми анъанаҳои нотакрори Наврӯзӣ ба монанди орбезон, гулгардон, ҷуфтбаророн, оташпаррон, суманакпазӣ, хонарӯбон, бозиҳои наврӯзӣ ва сайри Наврӯз ба ин ҷашн ҳусну таровати хосса зам намуда, онро миёни дигар миллату қавмҳо маъруфу маъмул гардонидааст.