Март 27, 2022 20:18 Asia/Dushanbe
  • Сафҳои тӯлонии мардум ва мошинҳо дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон

Ба далели теъдоди зиёди алоқамандон, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон барои боздид аз Узбакистон дар таътилоти наврӯзӣ сафҳои тӯлонӣ дар гузаргоҳҳои марзии ду кишвар эҷод шудааст.

Ба гузориши “Форс”, бинобар тасмими бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Узбакистон дар таътилоти наврӯзӣ, ки то 28 март идома дорад, дар марзи ду кишвар сафҳои тӯлонӣ аз мардум ва мошинҳо эҷод шудааст.

Дар расонаҳои Тоҷикистон бо истинод ба сокинони ин кишвар омадааст, ки барои убури марз аз тариқи гузаргоҳҳои марзии Фотеҳобод ва Ойбек бархе 9 соат ва баъзеи дигар аз 10 то 15 соат мунтазир мондаанд.

Сафҳои мардум дар марзи ду кишвар дар пайи эъломи як ҳафтаи комил ба унвони таътилот дар Тоҷикистон ва лағви маҳдудиятҳои карантин дар ду кишвар эҷод шудааст.

Ситоди мубориза алайҳи корона дар Тоҷикистон 15 март ва мақомоти зирабти тарафи ӯзбакистонӣ 16 март бо тавваҷуҳ ба оддӣ шудани вазъияти эпидемиологӣ ва бо ҳадафи тақвияти бештари равобити иқтисодиву иҷтимоӣ байни ду кишвар, тасмим бар лағви маҳдудиятҳо гирифтаанд.

 

Барчасп