Судури ҳукми зиндон барои як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия
Март 28, 2022 14:27 Asia/Dushanbe
Додгоҳи Брянски Русия як тоҷикро барои сохтакории санади ҳувиятӣ барои вуруд ба ин кишвар ба 1 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, ин тоҷик қаблан бар асоси ҳукми додгоҳи ин минтақа ба иттиҳоми нақзи қонунҳои кор ва иқомат аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуда буд, ки тайи солҳои 2016 то 2021 бо тағйири ному номи хонаводагӣ дар Тоҷикистон 4 бор талош кард, ки ба Русия баргардад.
Вай ба манзури шинохта нашудан барои вуруд ба Русия, бо асноди ҷадид аз гузаргоҳҳои марзии мухталиф ба Русия сафар кард, ки дар охири соли 2021 шиносоӣ ва боздошт шуд.
Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми эъломшуда эътироф карда ва ба ҳамин далел ба як соли зиндон маҳкум шудааст.
Барчасп