Март 28, 2022 15:40 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 8 дарсадии содироти сангҳои қимматбаҳо аз Тоҷикистон

Содироти сангҳои қимматбаҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ тайи ду моҳи нахусти соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл, 8 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи Оҷонси давлатии омори Тоҷикистон, тайи моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ, 46 миллиондоллар санг ва фулузоти қиммат содир шудааст, ки ин мизон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл коҳиши 8 дарсадиро нишон медиҳад.

Арзиши содироти сангҳои қимат дар ду моҳи нахусти соли 2021 ҳудуд 353 миллиондоллар буд.

Вазорати саноат ва фаннориҳои навини Тоҷикистон эълом кард, дар ин кишвар 18 ширкати тилло ва фулузоти қимат истихроҷ мекунанд.

Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуд 896 миллиондоллар гавҳари санг ва фулузоти қимат содир кард, ин мизон баробар бо 42 дарсад аз кулли содироти кишвар буд.

 

Барчасп