"Тоҷи Сомон"; ҷоизаи ҷадиди Синамои миллии Тоҷикистон
(last modified Tue, 29 Mar 2022 06:11:48 GMT )
Март 29, 2022 11:11 Asia/Dushanbe

Ҳукӯмати Тоҷикистон ва студияи «Тоҷикфилм» аз таъсиси ҷоизаи синамои миллии ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ин ҷоиза мавсӯм ба "Тоҷи Сомон" ҳамасола ба беҳтарини филмҳои тавлид шуда дар Тоҷикистон дар фасли баҳор эъто хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз таъсиси ин ҷоиза, ташвиқи синамогарони тоҷик барои тавлиди осори арзишманди миллӣ аст.

Ин ҷоиза дар чаҳор бахш ба беҳтарин филмҳои синамоӣ, мустанад, кӯтоҳ ва анимейшн ҳамасола дар айёми Наврӯз эъто хоҳад шуд.

Рӯзи 31 марти соли ҷорӣ низ дар шаҳри Душанбе, чаҳорумин нишасти Шӯрои мудирони созмонҳои синамоии кишваҳои узви ИДМ баргузор мешавад.

Дар ин нишаст роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ миёни синамогарони кишварҳои узви ИДМ баррасӣ хоҳад шуд.

Бештар бихонед: