Март 29, 2022 17:31 Asia/Dushanbe
  • Ваксинатсияи 92 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, то 27 марти имсол 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, муодили 92. 2 дарсади ҷамъияти болои 18 сол дозаи аввали воксинаи коронаро дарёфт кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” аз Душанбе, Вазорати тандурустии Тоҷикистон афзуд, теъдоди афроде, ки дозаи дувуми ваксинаи Ковид 19 - ро то ин муддат дарёфт кардаанд, 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар, муодили 87. 5 дарсад аст.

Тибқи ин гузориш, дозаи сеюмро дар Тоҷикистон то ба имрӯз як миллиону 89 ҳазору 922 нафар, муодили 19. 5 дарсади ҷамъият дарёфт кардаанд.

Бар асоси тасмими Ситоди марказии тақвияти иқдомоти эпидемиологӣ ва пешгирӣ аз густариши вируси ҳамагир дар Тоҷикистон, ваксинаи зидди бемории ҳамагир дар ин кишвар барои шаҳрвандони болои 18 сол иҷборӣ аст.

 

Барчасп