Шабакаи нави телевизионӣ дар Тоҷикистон оғоз ба кор кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i83468-Шабакаи_нави_телевизионӣ_дар_Тоҷикистон_оғоз_ба_кор_кард
Дар Тоҷикистон аз рӯзи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ шабакаи нави телевизионӣ, мавсум ба “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фаъолияти худро оғоз кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 01, 2022 19:47 Asia/Dushanbe
  • Шабакаи нави телевизионӣ дар Тоҷикистон оғоз ба кор кард

Дар Тоҷикистон аз рӯзи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ шабакаи нави телевизионӣ, мавсум ба “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фаъолияти худро оғоз кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ҳадаф аз роҳандозии ин шабакаи нави телевизионӣ муаррифии ҷозибаҳои гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон унвон шудааст.

Ҳамчунин иттилоърасонӣ ба мардуми Тоҷикистон аз рӯйдодҳои муҳими ҷаҳонгардӣ, ташвиқи ҷаҳонгардони хориҷӣ барои сафар ба Тоҷикистон, барномаҳои саёҳат ба манотиқи мухталифи ҷаҳон, кумак ба рушди саноати дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз дигар аҳдофи ин телевизион мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 14 шабакаи давлатии телевизионӣ, беш аз 80 телевизионҳои хусусӣ ва студияҳои забти барномаҳои савтиву тасвирӣ фаъолият мекунанд.