Баррасии аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Бохтар
Коргуруҳи муштараки аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон тайи 6 рӯзи музокирот, раванди таъини хатҳои марзии ду кишварро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазораи умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин музокирот дар бораи аломатгзории минтақаҳои боқимондаи марзи муштараки ду кишвар барҳсу табодули назар шуд.
Гуфта мешавад, ки тарафҳо матни тавофуқи ниҳоӣ барои аломатгузории марзи ду кишварро омода карданд. Барои мушахас кардани хатҳои марзӣ аъзои ин коргуруҳ ба минтақаҳои мавриди ихтилоф рафта ва аз наздик мавзуъи аломатгузории ин минтақаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Пештар Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии замин ва нақшабардории Тоҷикистон эълом карда буд, ки аз як ҳазору 326 километри марзи муштараки ин кишвар бо Узбакистон бар сари аломатгузории як ҳазору 319 километр тавофуқ шуда аст.