Иттиҳомзании Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба масъулони шабакаи маҷозии Фейсбук
Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шабакаи Фейсбукро ба фурӯши иттилооти корбарон муттаҳам кард.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Илҳомҷон Атоев бо интишори матлабе гуфт: “Шабакаи Фейсбук иттилооти корбаронро бо аҳдофи мухталиф ба дигар созмонҳо мефурӯшад”.
Вай аз оафзоиши сирқати иттилооти маҳрамонаи корбарон ва кулоҳбардории интерентӣ ибрози нигаронӣ кард ва афзуд, шабакаи Фейсбук ба баҳонаи таблиғот ва аҳдофи дигар бар хилофи муқаррарот ва тааҳудоташ ба фурӯши иттилоот машғӯл аст.
Атоев таъкид кард, ба манзури ҳифозат аз низоми сиёсии кишвар, таъмини амнияти корбарон ва манофеи онон, ҷилавгирӣ аз таблиғи ифротигарӣ ва ихтилофоти миллӣ ва мазҳабӣ, дар ҳамкорӣ бо КДАМ ва вазорати корҳои дохила ва Додситонии кул ва бар асоси ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳазорон сомонаҳои интерентӣ дар ин кишвар масдуд шуданд.
Бештар бихонед:
- Хадамоти алоқаи Тоҷикистон; омили аслии рушд наёфтани интернет дар ин кишвар
- Фурӯши телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон; танҳо бо муҷаввизи Хадамоти алоқа