Даромади 52 миллон долларии Тоҷикистон аз фуруши пахта
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i83686
Тоҷикистон дар моҳи январ ва феврали имсол 52.2 миллион доллар пахта содир карда аст.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Апрел 05, 2022 21:11 Asia/Dushanbe
  • Даромади 52 миллон долларии Тоҷикистон аз фуруши пахта
    Даромади 52 миллон долларии Тоҷикистон аз фуруши пахта

Тоҷикистон дар моҳи январ ва феврали имсол 52.2 миллион доллар пахта содир карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, бар асоси ин гузориш дар муқоиса бо шохиси замони мушобеҳи соли гузашта ҳаҷми фуруши пахта аз назари вазн 21.5 дарсад коҳиш, аммо аз назари нарх 24 дарсад афзоиш дошта аст.

Ба асоси оморои хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар муддати зикршуда ин кишвар ҳудуди 21 ҳазор тонна пахта ба маблағи беш аз 52.5 миллион доллар ба кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ содир карда аст.

Бин бар оморои Вазорати саноъат ва фановариҳои навини Тоҷикистон дар ин кишвар ҳудуди 30 воҳиди бофандагӣ фаъолият мекунад, ки маҷмуъи зарфияти фароварии онҳо то 100 ҳазор тонна пахта дар сол аст.