Ноябр 24, 2016 11:07 Asia/Dushanbe
  • Далели ҳушдори сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба шаҳрвандонаш чӣ буд?

Сафири Амрико дар Душанбе дар бораи ҳушдор ба шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон, ки ду ҳафта қабл эълом шуда буд, акнун тавзеҳ додааст.

    Ба гузориши сойти “Ислом СНГ”, хонум Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳушдори ду ҳафта қабли ин сафорат ба шаҳрвандони Амрико бар асоси иттилооти бадаст омада аз манобеи амниятӣ дода шуда буд.

   Вай таъкид кардааст, ки ба далели дарёфти иттилоот аз манобеи амниятӣ дар бораи эҳтимоли вуқӯъи ҳамалоти террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар он рӯзҳо, ин ҳушдор ба шаҳрвандони амрикоӣ дода шуд ва дар оянда низ ба маҳзи дарёфти чунин ахборе, шаҳрвандони хешро огоҳ хоҳем кард.

   Сафорати Амрико дар Душанбе аз шаҳрвандони кишвараш ва дипломатҳои хориҷии муқими ин кишвар хоста буд, ки аз рафтан ба маконҳои умумӣ худдорӣ намуда ва дар таҷаммуоти пойтахти Тоҷикистон, ҷониби эҳтиёти лозимро риоят кунанд.

   Дар ин баёния таъкид шуда буд, ки гурӯҳҳои террористӣ талош доранд, ки аз манотиқи марзии Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шаванд ва маконҳои пуррафту омадро ҳадаф қарор диҳанд.

  Сафорати Амрико дар Душанбе ҳамчунин ба шаҳрвандони кишвараш, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, тавсия карда буд, ки аз сафар ба вилояти Бадахшон ва гашту гузор дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон, ба хусус дар манотиқи маскунӣ худдорӣ кунанд. Албатта мақомоти Тоҷикистон ин иддаои сафорати Амрикоро беасос хонда буданд.