Мушкилоти рушди тиҷорат дар Тоҷикистон аз нигоҳи фаъолони бахши хусусӣ
(last modified Thu, 24 Nov 2016 06:42:58 GMT )
Ноябр 24, 2016 11:42 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти рушди тиҷорат дар Тоҷикистон аз нигоҳи фаъолони бахши хусусӣ

Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон бо иҷрои як назарсанҷӣ аз фаъолони бахши хусусӣ, омилҳои рушд накардани тиҷорат дар ин кишварро мушаххас кардааст.

   Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон, беш аз 38 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ, ки барои бори нахуст ва ба муддати ду моҳ дар Тоҷикистон анҷом шудааст, авзоъи ногувори иқтисодии ин ҷумҳуриро ношӣ аз идомаи буҳрони молии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ донистаанд.

  17 дарсади посӯхдиҳандагон низ муътақиданд, ки бархӯрд ва таомули кормандони идороти молиётӣ бо фаъолони бахши хусусӣ дар Тоҷикистон матлуб нест.

  15 дарсад аз ширкаткунандагон, зиёд будани теъдоди ниҳодҳои назоратӣ ва таҳқиқ аз фаъолияти бахши хусусиро аз монеаҳои умда дар роҳи рушди тиҷорат дар Тоҷикистон унвон кардаанд.

  Ҳамчунин беш аз ҳафт дарсад аз афроде, ки дар ин назарсанҷӣ ширкат кардаанд, фоизи болои қарзҳо ва эътибороти бонкиро аз омилҳои муҳимми рушд наёфтани тиҷорат дар Тоҷикистон медонанд.

  Ҳамзамон бо интишори натоиҷи ин назарсанҷии дохилӣ аз сӯи Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон, муассисаи байналмилалии “Price water house coopers” Тоҷикистонро дар радифи 10 кишвар дорои болотарин мизони молиёт дар ҷаҳон қарор додааст.