Таъсири мусбати 30 сол равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия дар Осиёи Марказӣ
(last modified Fri, 08 Apr 2022 11:32:05 GMT )
Апрел 08, 2022 16:32 Asia/Dushanbe
  • Таъсири мусбати 30 сол равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия дар Осиёи Марказӣ
    Таъсири мусбати 30 сол равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия дар Осиёи Марказӣ

30 сол равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия таъсири муфиде дар Осиёи Марказӣ доштааст.

Ин матлаб дар ҷаласаи матбуотии Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия баён шуд.

8 апрел, баробар бо 30 - юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия аст.

Вай афзуд, дар се даҳаи гузашта ду кишвар мавзуоти муҳими тавсеаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, равобити фарҳангӣ ва башардӯстона ва тақвияти тавони дифоиро бо якдигар ҳамоҳанг кардаанд, ки ин амр таъсири муфид бар тавсеаи равобити дуҷониба ва вазъият дар Осиёи Марказӣ доштааст.

Ин дипломати рус гуфт, ҳар ду ки кишвар аз дастовардҳои мушорикат, ки бар асоси манофеъ ва арзишҳои муштараки дӯстии дерина аст, хурсанд ҳастанд.