Дидори мақомоти Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе
(last modified Fri, 08 Apr 2022 12:52:36 GMT )
Апрел 08, 2022 17:52 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе дидор ва дар мавриди тадвини пружаи тандурустии «Миллати солим» гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, Ҷамолиддин Абдуллоев, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Бинобар гузориши дафтари матбуотии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар ин мулоқот ҳамчунин раиси намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар ширкат кард.

Бинобари суханони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир як барномаи сармоягузорӣ барои ҳимоят аз ҷиҳоти авлавиятдор барои тазмини таъмини молии пойдори бахши беҳдошт дар ҳоли таҳия аст.

Ба гуфтаи вай, ин барнома ҳамчунин ироаи хадамоти бокайфияту коромад дар сатҳи муроқибатҳои беҳдоштии аввалия, тақвияти системаҳои иттилоотӣ, диҷиталисозии муроқибатҳои беҳдошт ва манобеи инсонӣ дар низоми саломатро пешбинӣ мекунад.

Раиси намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба навбати худ аз тавсеаи бештари ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳимоят кард.