Барномаи давлатии бардошти пахта дар Тоҷикистон 85 дарсад иҷро шуд
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом кардааст, ки то авохири моҳи ноябри имсол дар ин кишвар ба андозаи 85 дарсад аз барномаи давлатии пахта бардошт шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл бештар мебошад.
Ба гузориши сойти Авесто, мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ин муддат бардошти пахта аз заминҳои кишти ин кишвар ба беш аз 312 ҳазор тон будааст.
Пеш аз ин мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки имсол бардошти ин маҳсули муҳимми содиротиро ба 368 ҳазор тон мерасонанд.
Ба ин манзур, беш аз 162 ҳазор гектар замини кишти ин кишвар ба кишти пахта ихтисос ёфт, ки вилоятҳои Хатлон дар ҷануб ва Суғд дар шимоли Тоҷикистон аз умдатарин манотиқи кишти ин маҳсул аст.
Бо ин ҳол, коршиносони иҷроӣ, ин барномаро ба далели поин будани нархи пардохти пахта ба кишоварзон баъид медонанд. Аммо мутахассисони Вазорати кашоварзии Тоҷикистон муътақиданд, ки бо беҳбуди шароити обу ҳавои ахир, ки бардошти пахтаро кунд карда, метавонанд кишоварзонро дубора барои бардошти пахта ташвиқ намоянд, ки мӯҷиби тавлиди бештари ин маҳсул хоҳад шуд.
Бар асоси барномаи давлати Тоҷикистон дар сол 2015, дар ин кишвар бояд 390 ҳазор тон пахта бардошт мешуд, ки дар амал ин шохис ба 270 ҳазор тон расид.
Дар Тоҷикистон дар даврони пеш аз истиқлол, аз ҳудуди 500 ҳазор гектар замини пахта, солиёна беш аз 930 ҳазор тон маҳсул бардошт мешуд.
Набуди сармоя, фоизи болои қарзҳои бонкӣ, фарсудагии мошинолоти кишоварзӣ, гарон будани нархи сӯхт ва нуриҳои минералӣ ва низ поин будани нархи хариди пахта аз сӯи ширкатҳои давлатӣ сабаб шудааст, ки дар солҳои ахир бештар кишоварзони Тоҷикистон кор дар Русияро бар кишти пахта тарҷеҳ диҳанд.