Пешбинии коҳиши фақр дар Тоҷикистон дар соли 2017
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8392-Пешбинии_коҳиши_фақр_дар_Тоҷикистон_дар_соли_2017
Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ кард, дар соли 2017 нархи фақр дар Тоҷикистон коҳиш меёбад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 24, 2016 11:20 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии коҳиши фақр дар Тоҷикистон дар соли 2017

Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ кард, дар соли 2017 нархи фақр дар Тоҷикистон коҳиш меёбад.

Ба гузориши сойти Азия плюс, Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ дар мавриди рушди иқтисоди Тоҷикистон эълом кард, рушди тавлиди нохолиси дохилии дар ин кишвар ба тадриҷ дар миёнмуддат беҳбуд меёбад, агарчи интизор меравад, ки камтар аз миёнгини таърихии ахири худ боқӣ монад.

Бонки ҷаҳонӣ дар ин гузориш афзудааст, ки ҳарчанд коҳиши рушди тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон суръати коҳиши фақрро кунд мекунад, бо ин вуҷуд пешбинӣ мешавад, ки то соли 2017 нархи фақр дар ин кишвар ба 27.3% коҳиш ёбад.

Бар асоси гузориши Бонки ҷаҳонӣ, агарчи фишорҳои дохилӣ ва хориҷӣ бар иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунон афзоиш хоҳад ёфт, аммо иҷрои ислоҳот ба манзури беҳбуди баҳраварӣ, афзоиши рақобат ва тақвияти системаи ҳимояти иҷтимоӣ, иқдомоти муҳимме барои ҳимоят аз рушди иқтисодӣ ва кам кардани нарх фақр ба шумор меравад.

Тибқи пешбинии Бонки ҷаҳонӣ, рушди тавлиди нохолиси дохилӣ дар Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба баровардҳои имсол 4.8 дарсад ва дар соли оянда 5.5%-ро ташкил хоҳад дод.