Барномаи Тоҷикистон барои афзоиши 25 дарсадии тавлиди нохолиси дохилӣ
Апрел 10, 2022 09:46 Asia/Dushanbe
-
Дар поёни соли гузашта саронаи нохолиси дохилии Тоҷикистон каме беш аз 10 ҳазору 52 сомонӣ (804 доллар) будааст
Тоҷикистон қасд дорад таи 3 соли оянда ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилии худро то 132.1 миллиард сомонӣ ( беш аз 10.5 миллиард доллар бо нархи расмии феълӣ) афзоиш диҳад.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, бинобар пешбинии шохисҳои аслии иқтисодӣ калон Тоҷикистон барои солҳои 2022 2024 ин кишвар дар се соли оянда ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилии худро афзоиш медиҳад.
- Тибқи ин санад, барои соли ҷорӣ мизони тавлиди нохолиси дохолӣ беш аз 103.9 миллиар сомонӣ, барои соли оянда беш аз 117.9 миллиард сомонӣ ва дар соли 2024 беш аз 132.1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин давраи рушди тавлиди нохолиси дохилӣ аз 7.9 дарсад то 8.2 дарсад пешбинӣ шудааст.
Дар поёни соли гузашта саронаи нохолиси дохилии Тоҷикистон каме беш аз 10 ҳазору 52 сомонӣ (804 доллар) будааст.
- Мизони тавлиди нохолиси дохилӣ дар давраи мазкур беш аз 98.9 миллиард сомонӣ ( беш аз 7.9 миллиард доллар ) -ро ташкил додааст.
Ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон дар поёни соли 2020 мелодӣ 82 миллиарду 543 миллион сомонӣ ва саронаи тавлиди нохолиси дохилӣ беш аз 8 ҳазору 740 сомонӣ эълом шудааст.
Бештар бихонед:
Барчасп