Апрел 10, 2022 21:37 Asia/Dushanbe
  • Тақсими бастаҳои ғизоӣ ба ниёзмандон дар Тоҷикистон дар моҳи Рамазон

Ба 580 оилаи ниёзманди Тоҷикистон бастаҳои ғизоӣ тақсим карда шуд.

Ташкилоти ҷамъиятии "Сабо"  дар ҳамкорӣ бо бархе аз созмонҳои хайриявии хориҷӣ дар моҳи рамазон ба 580 хонавода дар Тоҷикистон, дар ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Душанбе дар моҳи рамазон ёриҳои иборат аз бастаҳои ғизоӣ расонид.


  • Ҷамшеди Сафаралӣ, раиси  ташкилоти "Сабо" багуфт, ки онҳо ба 300 хонавода дар Ховалинг аз ҳисоби худи созмон бастаҳои ғизоӣ расониданд, ки ҳаркадом  ҳудуди 30 доллари амрикоӣ арзиш дошт. Орд, равған ва дигар маҳсулоти хӯрокӣ шомили ин бастаҳои ғизоӣ мешуд. 
  • "Дар Ховалинг ба 300 хонавода аз ҳисоби худи созмон ёрӣ расонидем. Ҳоло ба 280 хонаводаи ниёзманд дар Душанбе муштаракан бо созмони хайриявии "Ҳамёриҳои башарии туркӣ" (IHH)  расонидем",-гуфт Ҷамшеди Сафаралӣ.