Апрел 11, 2022 11:15 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии Ҳаннонов: Ҳар чӣ дӯст доред бигӯед!

Ваҳдат Ҳаннонов, бозикуни тоҷикистонии Персполис бо интишори як исторӣ дар сафҳаи Инстаграмаш, аз ҳаводорони ин тим узрхоҳӣ кард.

Мудофеи тоҷикистонии Персполис, ки дар дидор баробари Алюминиюми Арок дар марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии Ҷоми ҳазфии Эрон ба унвони ҷуфти Фаршоди Фараҷӣ дар хати дифои Персполис ҳузур дошт, шаби пуриштибоҳеро пушти сар гузошт.

Ваҳдат Ҳаннонов дар ибтидо дар дақиқаи 20 бозӣ ва дар шароите, ки сурхпӯшон бо як гол аз ҳарифи худ пеш буданд, бо як паси рӯ ба қафо иштибоҳӣ Муҳаммади Алинажодро соҳиби тӯб кард то паси ин бозикун мунҷар ба голи аввали Алюминиюм шавад.

Дар нимаи дувум низ муҷаддадан паси рӯ ба қафои ин бозикун боис шуд то муҳоҷими Алюминиюм дар мавқеияти як ба як бо Аҳмади Гавҳарӣ қарор бигирад то голери сурхпӯшон маҷбур шавад бо хато аз дарёфти голи чаҳоруми тимаш ҷилавгирӣ кунад.