Апрел 13, 2022 18:11 Asia/Dushanbe
  • Сохти корхонаҳои муштарак миёни Тоҷикистон ва Литва

Тоҷикистон ва Литва корхонаҳои муштарак бунёд мекунанд.

Эҷоди шароити мусоид барои бозорёбии маҳсулоти кишоварзӣ, сармоягузории муштарак барои фароварии маҳсулоти металургӣ байни Тоҷикистон ва Литва дар дидори Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Литва дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди фурсатҳои ҳамкории бештар табодули назар карданд.

Афзоиши мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистону Литва, сохти корхонаҳои муштарак дар манотиқи озоди иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар тиҷорати электронӣ ва иқтисоди диҷиталӣ аз дигар мавзуоти матраҳшуда дар ин мулоқот буд.