Апрел 13, 2022 19:10 Asia/Dushanbe
  • Пардохти нафақа ба шаҳрвандони хориҷӣ дар баррасии маҷлисҳои Тоҷикистон ва Русия

Намояндагони Парлумони Тоҷикистон пешнависи тавофуқномаи ҳамкории ин кишвар бо Русия дар заминаи пардохти нафақаи муҳоҷирони корӣ ва шаҳрвандони ду кишварро тасвиб карданд.

Ин қарордод дар сентябри 2021 байни Тоҷикистон ва Русия имзо шуд.

Маскав ва Душанбе солҳо буд, ки наметавонистанд бар сари ҳамаи нукоти ин қарордод ба тавофуқ бирасанд.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси санади пешнавис, ки имрӯз - чаҳоршанбе дар Маҷлиси Тоҷикистон ба тасвиб расид, Русия аз ин пас ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон ҳатто баъд аз бозгашт ба кишварашон нафақаи моҳона пардохт хоҳад кард.

Дилмурод Давлатзода, раиси Созмони бимаи иҷтимоӣ ва бознишастагии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти Парлумони ин кишвар гуфт, ки бар асоси ин санад кишваре, ки ҳар коргаре ба сурати расмӣ дар он кор карда ва ба сандуқи бознишастагӣ кумак кардааст, пас аз бозгашт ба ватан нафақаи бознишастагӣ ба вай пардохт хоҳад кард.

Дилмурод Давлатзода гуфт: Дар ин муддат ҳафт даври музокира байни мақомоти Тоҷикистон ва Русия анҷом шуд ва ин мавзуъ дар ниҳоят дар марти соли гузашта ҳал шуд. Бар асоси ин тавофуқнома, шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон низ кор мекунанд ва дорои бимаи иҷтимоӣ ҳастанд, аз Тоҷикистон моҳона нафақа дарёфт хоҳанд кард. Бинобарин, замоне, ки як шаҳрванди тоҷик дар Русия кор мекунад ва сипас дар Тоҷикистон бознишаста мешавад, бахше аз кор дар Русия низ дар ҳангоми бознишастагӣ дар назар гирифта мешавад.

Солона садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба таври дастаҷамъӣ барои ҷустуҷӯи кор ба Русия сафар мекунанд.

 

Барчасп