Ҳамоиши 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Тоҷикистону Туркия
(last modified Sat, 16 Apr 2022 03:48:03 GMT )
Апрел 16, 2022 08:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Тоҷикистону Туркия

Ҳамоиши 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Тоҷикистону Туркия дар Анкара баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, ин ҳамоиш дар Институти минтақашиносии Донишгоҳи илмҳои иҷтимоии Анкара 13 апрел бахшида ба солгарди 30-юми барқароршавии равобити дипломатии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид..

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов оид ба пайвандгари тамаддуни миллатҳои тоҷику турк – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ёдовар шуда, дар хусуси муносибатҳои босамари дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар тӯли 30 сол суҳбат кард.

Дар ҳошияи конфронс вохӯрии Сафир бо Ректори Донишгоҳи мазкур, профессор, доктор Муса Казим Араҷан сурат гирифта, ба китобхонаи Донишгоҳ китобҳои тарғибкунандаи Тоҷикистон тақдим шуданд.