Шаҳри Душанбе мизбони вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ
Нишасти ояндаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил(ИДМ)дар моҳ май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ба гузориши Форс, Михаил Евдокимов, мудири департаменти аввали кишварҳои ИДМ-и вазорати умури хориҷаи Русия бо эъломи ин матлаб гуфт, ҷаласоти Шӯрои вазирони умури хориҷаи ИДМ ба таври суннатӣ ду бор дар як сол баргузор мешаванд.
Вай афзуд, баргузории ҷаласаи оянда тақрибан рӯзи 13 май дар шаҳри Душанбе ва нишасти тирамоҳӣ 13 октябр ба мизбонии Қазоқистон дар шаҳри Нурсултон барномарезӣ шудааст.
Бино бар суханони вай, интизор меравад, ки дар ин иҷлос вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои ИДМ дар мавриди мавзӯҳои зиёде аз масоили марбӯт ба ҳамкорӣ дар чорчӯби ин иттиҳодия табодули назар, мавзӯуоти муҳимми байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла авзоъ дар Украинаро баррасӣ мекунанд.